نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ибну-л-Муќаффаъ ва Рўдакї ду намояндаи бузурги адабиёт ва фарњанги форсии тољикї њастанд, ки аввалї дар наср арабї ва дувумї дар назми форсї гўйи сабќатро аз њамагон рабудаанд. Ин маќола кўшише фурўтанона барои муќоиса ва ёфтани маонии муштарак дар осори ин ду намояндаи бузурги насри арабї ва назми форсист, ки дар он чанд байти Рўдакї аз њайси маънї бо ибороту аќволи њакимонаи осори Ибну-л-Муќаффаъ монанди «Калила ва Димна» ва рисолањои «Ал-адабу-л-кабир» ва «Ал-адабу-с-саѓир» мавриди муќоиса ќарор гирифтааст. Дар бораи маонї ва мазомини муштараки «Калила ва Димна»-и Ибну-л-Муќаффаъ ва осори Рўдакї бояд гуфт, ки дар ашъори боќимонда аз Рўдакї фаќат як мартаба аз «Калила ва Димна» ёд шудааст. Дар миёни ашъори Рўдакї абётеро метавон дид, ки зарбулмасал ва маќолњои мардумии форсї ва тољикиянд. Мутолиаи осори Ибну-л-Муќаффаъ («Калила ва Димна» ва рисолањои «Ал-адабу-л-кабир» ва «Ал-адабу-с-саѓир») низ нишонгари он аст, ки вай ин маониро бо ибороти гуногун овардааст, ки дар ин маќола бо зикри шоњидмисолњои башуморе аз ин маонї ва мазомини муштарак ишора шуда ва ин натиља ба даст омадааст, ки Рўдакї на танњо «Калила ва Димна»-и Ибну-л-Муќаффаъро тарљума ва мазомини онро дар ашъори худ мунъакис карда, балки аз осори дигари ў низ истифода бурдааст.
کلیدواژهها [English]