نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Аз ањди сомонї ќасидањои зиёде ба ёдгор мондааст. Ин ќасидањо аз лињози ќолаб сухан, фасоњату балоѓат ва ѓинои калом, маъносозї ва тамсилофринї, махсусан аз назари инъикоси масоили сиёсї ва иљтимої, дар муќоиса бо ќасидањои садањои баъд имтиёзи бештаре доранд. Ин маќола ба дунболи тањлили матншиносии ќасидањои ањди сомонист, ки бар асоси нусхањои ќадимї ва барќарор кардани сињњат ва асолати онњо бунёд меёбад. Аз њамин рў ќасидаи «Шикоят аз пирї»-и Рўдакї, ки комилтарин ќасидаи ќарни дањум аст, асоси кор ќарор гирифта ва бо таваљљуњ ба ихтилофи нусах баррасї шудааст. Дар идомаи тањлили матншиносии ин ќасида аз манзари ќолаби сухан, луѓатшиносї, назмшиносї, тафсири матн ва нињоят шарњи сабку шеваи нигориши адиб мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Дар поён низ бар асоси усули суннатии тањлили матн бахшњои муњтавої, ки метавон мазмуни ќасидаро аз рўйи онњо шарњу тафсир кард, муаррифї шуда ва ин натиља ба даст омада, ки Рўдакї ќудрати волои суханварї ва гароиши фалсафаи худро аз њама бештар дар байти охири ќасида намоиш додааст.
کلیدواژهها [English]