نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола бар он аст, то бар асоси манобеъ ва маљмўањои ашъори Рўдакї дар бораи матни яке аз ашъори ў бо матлаъи «Эй он ки ѓамгинию сазоворї/ В-андар нињон сиришк њамеборї» пажўњише ба анљом расонад. Сарчашмањо ва маљмўањое, ки дар ин пажўњиш истифода шудаанд, иборатанд аз: «Таърихи Байњаќї», тазкираи «Маљмаъу-л-фусањо», девони Рўдакї, «Насими Мўлиён», «Шеъри Рўдакї» ва «Баргузидаи ашъори Рўдакї». Дар нусхањои мазкур теъдоди абёти ин шеър аз њашт то дувоздањ зикр гардидааст. Тартиби абёт низ мутафовит ва дорои гуногунхонињои зиёдест. Ин маќола бо асос ќарор додани матни мазбут дар «Таърихи Байњаќї», ки дар миёни манобеъи мазкур аз њама ќадимитар ва шомили њамаи абёт (дувоздањ байт) аст, ба матншиносї ва муќобилаи абёт бо маљмўањои ёдшуда пардохтаву ба ин натиља расидааст, ки шеъри мавриди назар дар «Таърихи Байњаќї»-ро бо иваз кардани вожаи «тарсам» ба таркиби «барсам» ва таѓйири љойи мисроъњои дувум дар абёти дањ ва ёздањ метавон њамчун матни сањењ ба эътибор гирифт.