نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Рўдакї назар ба љойгоњи рафеъаш дар адаби порсї њамвора мавриди таваљљуњи шоирон, нависандагон ва муаррихони араб будааст ва ба фарохури осору ашъорашон аз љалолати ќадру улувви маќоми вай сухан гуфтаанд. Аз муњимтарини ин шуаро ва нависандагон метавон ба Иброњим ибни Яњё ибни Усмони Ѓаззї, Ањмад ибни Умари Манифї, Наљоти Нишопурї, Абӯњайёни Тавњидї, Изуддин ибни Асири Љурбузадорї ва Ёќути Њамавї ишора кард, ки дар осорашон дар бораи Рўдакї сухан гуфтаанд. Дар бањс аз љойгоњи Рўдакї дар адабиёти араб нуктаи муњим таъсирпазирии ин шоири бузург аз Ќуръону њадис ва мазомини арабї аст. Самъонї дар «Китобу-л-ансоб» ба ин нукта ишора карда, ки Рўдакї љуз улуми дигар илми њадис ва мутуни њадиси набавиро низ фаро гирифтааст. Дар миёни кишварњои арабї мутолиоти эроншиносї, бавижа пажўњиш дар бораи Оли Сомон дар Миср, Сурия, Ироќ, Лубнон, Арабистони Саудї ва Тунис бисёр мавриди таваљљуњ будааст ва пажўњишгарон дар ин кишварњо ба осори Рўдакї ва љойгоњи рафеъи ў дар шеъри форсї таваљљуњ нишон додаанд, ки дар шуморе аз ин пажўњишњо дар ин маќола муаррифї шудааст.
کلیدواژهها [English]