نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Огоњии комили устод Рўдакї аз ашъори шоирони араби ќабл аз ислом ва замони густариши ислом боиси вуруди маъноњои шеъри ошиќонаи ќабоили араб, номњои пайѓамбарон ва мазомини ќиссањои ќуръонї мисли Мўсои Имрон, пероњани Юсуф, мулки Сулаймон ва зикри номи шоирон, олимон ва ќањрамонони шеъру адаби араб дар шеъри форсї шудааст. Дар ќатъаи «Се пероњани Юсуф» Рўдакї ба баррасии ќиссаи машњури Юсуф ва бародарони ў пардохтааст. Шоир дар ин ќитъаи хурд тамоми аносири асосї ва таљзияи мавзўии ќиссаи Юсуфро гунљонда ва ба дурустї дарёфтааст, ки се пероњан ё як пероњан дар се маврид аслу асоси чањорчўби њамин ќиссаи фољиабори сангину дилангез аст. Дар ин маќола бо такя бар манобеъи таърихї ва тафсирњои қуръонї, бавижа таърихномаи Табарї, дар бораи ин ки њар як аз ин се пероњан марбут ба кадом як аз њаводиси зиндагонии Юсуфи паёмбар буда, тавзењ дода шудааст. Њамчунин дар бораи ќисмати аввали байти дувуми ин ќитъа «яке аз кайд шуд пурхун...» бањс шуда ва ин натиља ба даст омада, ки сурати дурусти он «яке аз кизб шуд пурхун...» аст, ки бар асари бисёр рўнавис кардан ва сањви котибон дар ин шакли нодуруст маъмул шудааст. Дар поён низ пас аз зикри ахбори пероњани севум дуруст будани «бо хуни дурўѓин рўи перањанаш омадан»-и бародарон таъйид шудааст.
کلیدواژهها [English]