برگی از شوق جاویدان

نویسنده

دانشیار زبان و ادبیات فارسی، دانشگاه تربیت‌ مدرس، ایران/ رایزن فرهنگی ج.ا.ا. در تاجیکستان


عنوان مقاله [English]

Барге аз шавќи љовидон

نویسنده [English]

  • Ebrahim Khodayar
associate Professor of Persian Language and Literature, Tarbiat Modares University, Iran/ Cultural Attache of Embassy of Islamic Republik of Iran, Tajikistan
چکیده [English]

Чањордањ сол пеш, замоне ки бо кӯла‏боре аз хотироти се ‏сол‏‏у ‏анди њам‏‏нафасӣ бо ёрони ин сўи Љайњун дар Узбакистон ба Эрон бозме‏гаштам, таъми бо тољикон буданро аз наздик борњо ва борњо чашида будам: чизе шабењ ба таъми себ‏‏њои тошкандӣ ё на, ќандњои самарќандӣ; Њар чӣ буд, њисси шигифте љони маро бо љони ин сарзамин гирењ зада буд. Як бор ба худ љуръат додам, ќаламро бар коѓаз гирёндам ва парешон‏‏вор шеъри «Гесувони парешон»-ро ба ёди он рўзњо ва он хотирот дар дарунам замзама кардам:
 
 Рањоям намекунад
 гесувони парешони шањре,
 к-аз он сӯи руъёњои кўдакӣ
 тамоми њастиямро
 нишонарафтааст.
 
 Хилват‏‏хонаи хаёлам
 њанўз њам
 дар ѓорати њамон холест,
 ки њастии Хољаи Шерозро
 ба яѓмо бурд.
 
 Гузаштаам аз ӯст,
 оинаи  ояндаам
 дар дасти кӣ хоњад буд?
 рањоям намекунад,
 рањояш намекунам.
 Дар ин як‏‏уним дања, ки дар Эрон будам, њарчанд њаргиз по ба ин сарзамини устура‏‏ӣ нанињодам, њамеша ба мардумони хунгарми тољик ба дидаи эњтиром менигаристам. Ваќте пешнињод шуд дар кисвати Ройзани фарњангӣ ба ватани руъёњоям по нињам, бо камоли ифтихор пазируфтам, њарчанд дар Эрони азизам ба гуфтаи Шамси Табрезӣ дар китоби “Маќолот”: «Он љо касоне буд‏‏аанд, ки ман камтарини эшонам, ки бањр маро бурун андохтааст; Њамчунон, ки хошок аз дарё ба гўшае афтад».
Дар муддате, ки муќаррар шуд ба ин хоки пок сафар кунам, бо бисёре аз касоне, ки чун ман дил дар гарави ғариба‏‏њои ошно доштанд, њамнишин шудам ва аз мањзари пурхайрашон хўша‏‏њо чидам. Содиќона эътироф ме‏кунам, гоњ суханоне аз забони он‏њо ме‏шунидам ва баъд дар њамин љо бо чашмони худ дидам, ки мардумоне, ки ман сол‏њо пеш дар бораи онњо чизњо шунида ё китоб‏њо хонда будам, гўё чизе дар дил доранд, ки хоставу нохоста ме‏тавон онро дар њаракоташон тамошо кард. Бо худ гуфтам: Накунад Худой нокарда мо ду бародар дар айни ягонагї аз њам бегона шудаем. Ба ќавли Мирзо Абулњасани Шерозӣ:
 Бо вуљуди иттињод аз якдигар бегонаем,
 Чун нигини ошиќу маъшуќ дар як хонаем.
 Бо њамаи ин номулоимот, бо тамоми вуљуд бовар дорам хуршеди њаќиќат њаргиз пушти абр боќӣ нахоњад монд. То ваќте фарзандони Рўдакї, Фирдавсї, Носири Хусрав, Саъдии Шерозї, Камоли Хуљандї, Ҳофизи Шерозї ва Айнию Лоњутӣ љуз забони ниёгон дар ком наме‏‏чархонанд, њељ кас наме‏‏тавонад онњоро аз њам људо кунад. Чї касе њаќ дорад њазорон соли таърихи муштараки як ќавмро аз њам људо кунад? Падарони мо, модарони мо, ниёгони мо аз як обишхур љони ташнаи худро сероб кардаанд. Чаро бояд фарзандонашон аз нўшидани њамон об мањрум шаванд?
 
 Туро намедонам,
 ман
 њаргоњ гузаштаамро вараќ мезанам,
 худро дар оинахонаи ту меёбам.
 Бароям бигў:
 Агар ту
 гузаштаатро биковӣ,
 ба оинахонаи ман мерасӣ?»
 Кўшиш‏њои ройзанони пешини фарњангии Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон, устодони фозил ва арљманд, доктор Саййидалї Мӯсавии Гарморӯдӣ, ки ин нашрияро дар сол 1379 ш. таъсис кард, то доктор Қањрамон Сулаймонӣ, ки онро ба шеваи илмӣ сомон дод ва баъд доктор Муњаммадњусайни Ардуш, ки онро дар љомеаи илмии Эрон ва Тољикистон тасбит кард, дар ба самар нишастани ин нашрия шоистаи њар гуна сипос аст. Дар чанд соли ахир ин нашрия ба далели бесуботӣ дар мудирият аз масири аслии худ дур шуда буд. Дар остонаи эъзом ба Тољикистон ва пас аз њамфикрӣ бо њамкорони донишгоњї ва пешкисватони номбурда ва бавижа пас аз машварат бо доктор Музаффар Шарифї, мудири кулли муњтарами дафтари сиёсатгузорї ва барнома‏резии умури пажўњишии вазорати улум, тањќиќот ва фанноварї муќаррар шуд, ин нашрия бо аркони илмии љадид ва њамкории наздик бо марокизи донишгоњии Эрон бо таѓйири рўйкарди минтаќаӣ аз Тољикистон ба Осиёи Марказї ба сурати дуфаслнома (ду шумора дар сол) ва бо номи Дуфаслномаи пажўњишњои фарњангї, забонӣ ва адабии Осиёи Марказї мероси њазорудусадсолаи забон ва адаби форсї ва таъсири он бар забон‏њо ва фарњанг‏њои узбакї, ќирғизї, туркманї ва ќазоќии Осиёи Марказї аз садаи севуми њиљрӣ то кунунро ба мухотабону алоќамандон шиносонда, бо ин шева пайвандњои мардумони гуно‏гун‏нажод ва чандгун‏збони ин минтаќаро бо якдигар ва бо дигар мардумони љањон мустањкам‏тар намоянд. Бино бар ин нашрияи »Рўдакї« дар шумораи  оянда фаъолияти интишоротии худро бо њайати тањририяи љадид оѓоз хоњад кард. Умед аст, бо тай шудани мароњили ќонунї битавонем дар таќвияти равобити фарњангӣ миёни Эрон ва кишварњои Осиёи Марказї наќши худро ба ‏хубӣ ифо намоем.