Наврўз дар таълими забони форсии тољикї
Сайидамир
Аминов
دکترای زبانشناسی
author
text
article
2011
per
Омўзиши илму фанноварї аз муњимтарин вазифањои макотиб (мадорис) аст. Дар ин росто муаллифони китобњои дарсии Тољикистон ба матнњои осори бадеї такя карда ва њамзамон аз матнњои осори илмї ва матбуотї ва асноди расмии коргузорї намунањо овардаанд. Нигоранда дар ин маќола китобњои дарсии забони форсии тољикиро дар маќотеъи ибтидої ва болотар аз лињози масъалаи љашн ва суннатњои миллї, бахусус Наврўз баррасї карда ва дар бораи ин ки то чї андоза ин матнњо сабаби ошноии донишомўзон бо ин љашни миллї мешавад ва ба афзоиши маълумоти онњо дар ин замина меонљомад, бањс кардааст. Нигоранда дар поён чунин љамъбандї кардааст, ки муаллифон дар матнњои пешнињодшудаи китобњои тољикї ин имконро муњайё мекунанд, ки донишомўзон бахш ба бахш дар бораи таърихи пайдоиш ва тарзи љашнгирии Наврўз дониши лозимро касб кунанд. Онњо њамчунин љанбањои хубу норавшан ин љашни миллиро барои шогирдон бештар равшан мекунанд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
33
no.
2011
52
56
https://www.rudakijournal.ir/article_22584_d8255d941b7098d90b58c334cbee70a2.pdf
Боз ин чї љавонист заминрову замонро
Акбари
Турсон
استاد پژوهشگاه زبان، ادبیات و شرق شناسی و میراث خطی آکادمی علوم تاجیکستان
author
text
article
2011
per
Наврўз дар ќадимтарин таърихи љањон љашн соли нав аст ва решаи маънавияшро бояд дар андаруни њазорсола љуст. Фарњангшиносон пайдоиши иди Наврўзро дар ќолаби гумон андар, мурдани табиат дар замистон ва аз нав зинда шудани он дар бањор маънї мекунанд, ки дар замони ќадим ба забони шеър ва устура баён мешуд. Њарчанд Наврўз байни ориёиёни Шарќ зуњур карда, иди њамаи халќњо ва њамаи фарзандони Одам аст. Аз њамин рў метавон гуфт Наврўз дар радифи њамагонитарин љашнњои мардумї дар љањон аст. Аз назари илми ситорашиносї фарогир шудани иди Наврўз тамоман равшан буд: эътидоли бањорї (баробар шудан шабу рўз), ки Наврўзи моро њусни оѓоз бахшидааст, дар њама гуна солшуморињои шамсї, аз Таќвими Мая гирифта то Таќвими Љалолї мазкур аст. Дар бораи иллати фарогир шудани Наврўз назароти гуногуне вуљуд дорад. Иди Наврўз ба ќавли Хайём, љашне барои бузургдошти офтоб буда ва оинаш ин будааст, ки «љањониён (мањз љањониён, на ориёиён ё эрониён) ба љалолу таъзим бар вай бингаранд. Нигоранда дар поён чунин натиљагирї кардааст, ки Наврўз барои миллатњои некирода ва боѓайрат рўзи андўхтани ќувват ва ќудрати рўњонї ва равонї аст. Наврўз дар воќеъ њамагонитарин љашни соли нав аст ва аз ин љињат њељ иди дигаре наметавонд бо он лофи баробарї занад.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
33
no.
2011
58
66
https://www.rudakijournal.ir/article_22585_bea41e7376effa9dd13b7982eb0edf5f.pdf