Гули бехор
Маљид
Асадї
دانشجوی دکتری فلسفه فرهنگ آکادمی علوم تاجیکستان
author
text
article
2011
per
Мирсаййидалии Њамадонї аз машоњири бузурги Эрон аст, ки иќдомоту фаъолиятњои густардаи ў таъсироти зиёде бар пешинаи илмї, фарњангї ва адабии Тољикистон доштааст. Ин маќола мурури иљмолї бар зиндагї, фаъолиятњо ва осори ин орифи бузург дорад. Мирсаййидалї дар сол 714ќ дар Њамадон дида ба љањон гушуд. Ў пас аз касби мадориљи илмї аз бистсолагї бо њадафи тарвиљи дини мубини ислом аз Њамадон њиљрат кард ва дар шањрњои мухталифи Осиёи Миёна, Ќафќоз, шибњи ќораи Њинд ва сарзаминњои арабї ба нашри маорифи исломї пардохт. Албатта, умдаи фаъолиятњои ў дар шабњи ќораи Њинд ва Кашмир будааст. Мирсаййидалї дар даврони њузури худ дар Кашмир илова бар фаъолиятњои динї ва мазњабї дар тарвиљи хатту забони форсї низ наќше барљаста дошт. Аз вай беш аз 110 љилд китобу рисола дар заминаи фалсафа, ахлоќ, ирфон ва адабиёт ва маљмўаи шеъре ба ёдгор мондааст. Мирсаййидалї дар соли 786ќ дар 72-солагї бидруди њаёт гуфт ва пайкараш дар шањри Кўлоб ба хок сипурда шуд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
11
17
https://www.rudakijournal.ir/article_22522_ade08e53b31dccb30d910aa99e10e98d.pdf
Мулоњизањо рољеъ ба шаклњои феъл дар рисолаи «Ќуддусия»-и Мирсаййидалии Њамадонї
Рањимљон
Саидов
استاد زبانشناسی
author
text
article
2011
per
Шаклњои гуногуни феъл, ки дар забони адабии тољикї (форсї) истеъмол мешаванд, мањсули як давраи муайян нест, балки натиљаи даврањои гуногуни тавсиа ва тараќќии забони тољикї аст, ки вобаста ба хусусиёти навъи адабии асар ва сабки фардии муаллиф мумкин аст дучори таѓйир шавад. Ин маќола дар пайи он аст, ки шаклњои замонии феъл ва робитаи он бо забони адабии кунунии тољикро дар рисолаи «Ќуддусия»– асари Мирсаййидалии Њамадонї баррасї кунад. Дар ин рисола панљ шакли замонии сиѓаи хабарї мушоњида мешавад. Шакли ѓайришхсии сиѓаи хабарї (бувад) низ дар ин рисола истифода шудааст. Аз дигар шаклњои феълии истифодашуда дар ин рисола метавон ба истеъмоли феъли гузаштаи њикоятї бо пешванди «ме» ва шаклњои наќлии феъл ишора кард. Корбурди шакли замони гузаштаи сифати феълї бо пасванд «агї» низ фаќат як бор дар калимаи «мондагї» мушоњида мешавад. Дар истеъмоли феълњои таркибї низ дар забони рисолаи «Ќуддусия» баъзе таѓйирот ва дигаргунињо дида мешавад. Дар ин китоб шаклњое аз феълњои таркибї низ мушоњида мешаванд, ки бисёре аз онњо ба забони адабии кунунї шабоњат доранд. Баррасии шаклњои феълии бакоррафта дар ин рисола муаййиди ин матлаб аст, ки омўхтани хусусиятњои забонии осори Мирсаййидалии Њамадонї дар канори вуљўњи дигари таълифоти ў дорои ањаммияти назарї ва амалии вижаест.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
18
26
https://www.rudakijournal.ir/article_22523_41ce634777c8ce3ac328274c8234896f.pdf
Фалсафаи иљтимоии Мирсаййидалии Њамадонї
Моњирхоља
Султонов
استاد علوم فلسقه
author
text
article
2011
per
Мирсаййидалии Њамадонї рољеъ ба табиати њайвонї, зиндагии иљтимої ва сиёсї, ахлоќу одоби одамиён андешањои љолиби таваљљуњ дорад. Андешањои эшон дар бораи ин мабоњис дар рисолањои «Захиратулмулук», «Одобулмашоих» ва «Макоримулахлоќ» мунъакис шудаанд. Дар ин маќола аќоиди иљтимої, сиёсї ва ахлоќии Мирсаййидалї бо такя бар осори ў мавриди бањсу баррасї ќарор гирифтааст. Аз тањлили вуљўњи гуногуни назариёти иљтимої ва сиёсии Саййидалии Њамадонї метавон пай бурд, ки ў дар сохтори аќоидаш аз таълимоти машшоиён бањра бурдааст. Аммо бояд таъкид кард, ки наќши Абўњомиди Ѓаззолї дар ташаккули љањонбинии ў, бавижа назарияи иљтимоию сиёсї ва ахлоќияш бисёр зиёд аст. Ў дар тањлили масоили иљтимої ба авомили биологї ва ахлоќї бисёр таваљљуњ кардааст. Вай дар хусуси пайдоиши давлат муътаќид аст, ки заминањои табиї боиси пайдоиши давлат шудаанд ва дар таълимоти иљтимої-сиёсияш низ монанди њамрўзгоронаш тарафдори давлати салтанатї аст. Мутобиќи аќоиди ў султон мураттиби њаёти љомеа аст ва тамоми фаъолияташ дар ин замина ба як љараёни муътадили оќилона ва одилона марбут аст. Аз баррасии андешањои иљтимоии Мирсаййидалї метавон ба ин натиља расид, ки ў аз муносибатњои мављуд дар бахшњои гуногуни њаёти иљтимої норозї буда ва ба њаёти љомеа ва низому тартиботи он аз нуќтаи назари аќл ва адолат ањаммият медодааст. Њадафи ў аз ироаи назарияи султони одил ва таваљљуњаш ба баробарии иљтимої ва инсондўстї низ бар пояи чунин андеша аст. Алии Њамадонї дар аќидањои иљтимої ва сиёсии худ ба се рукн–њоким, раият ва давлат таваљљуњи љиддї намуда ва андешањояшро рољеъ ба онњо дар осораш ба тарзњои гуногун баён кардааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
27
45
https://www.rudakijournal.ir/article_22524_a82c51130356f9d272d01bd7149cd389.pdf
Назари Мирсаййидалии Њамадонї дар бораи њуќуќи волидайн ва фарзандон
Ёралї
Содиќов
استاد زبان و ادبیات فارسی
author
text
article
2011
per
Яке аз масоили мавриди таваљљуњ дар љавомеъи башарї мавзўи тарбияти фарзанд аст. Ин мавзўъ, ки табйинкунандаи муносибот ва масъулиятњои волидайн дар баробари фарзандон аст, таваљљуњи бисёре аз бузургони илму адаби миллати тољик, аз љумла Мирсаййидалии Њамадониро ба худ маътуф доштааст. Агарчи масъалаи тарбияти фарзанд ва иртиботи волидайн ва фарзандон дар бисёре аз рисолањои Саййидалии Њамадонї матрањ шуда, дар ин маќола матолиби мундариљ дар «Захиратулмулук» дар заминаи умури тарбиятї мавриди таваљљуњ ќарор гирифтааст. «Захиратулмулук» шомили муќаддимае кўтоњ ва дањ боб аст, ки боби чањоруми он бо унвони «Дар њуќуќи волидайн ва зављу завља ва авлоду аќориб ва асдиќо» шомили панљ ќисм аст, ки ќисми севуми он бо унвони «Њуќуќи фарзандон» дарбардорандаи назарњои Мирсаййидалї дар бораи тарбияти фарзандон аст. Ин бахш бо зикри ояе аз Ќуръон дар бораи некўї дар њаќќи падару модар оѓоз шуда ва Мирсаййидалї дар идома бо зикри ривояте ба муњимтарин усули тарбиятї ишора кардааст. Њотам Асозода, ки яке аз муњаќќиќони барљастаи зиндагї ва фаъолияти Мирсаййидалии Њамадонї аст, ба муњтавои панду ахлоќ дар осори ин бузургавор эътибори љиддї додааст. Нигорандаи ин маќола пас аз баррасии муњтавои тарбияти «Захиратулмулук» ба ин натиља расидааст, ки ањли пажўњишу тарбият бояд мафоњими тарбиятиро аз дарёи андешаи Мирсаййидалии Њамадонї дарёфт кунанд ва баъд бо шарњи луѓот ва тавзењи бархе масоили мушкилфањм ин мафоњимро ба мардум, бахусус ба нављавонон ва љавонон пешнињод ва таќдим намоянд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
46
55
https://www.rudakijournal.ir/article_22525_911bf2d06c45ccf7dd62c71e0cbebb99.pdf
Аносири диалектикї дар осори фалсафии Мирсаййидалии Њамадонї
Муњаммадулло
Ибодов
نایب رئیس دانشگاه آموزگاری کولاب
author
text
article
2011
per
Њарчанд мароми таълимоти асосии мутафаккири маъруфи Эрон ва тољику Њинд, Мирсаййидалии Њамадонї пуштибони фалсафаи тасаввуф аст, ашъори фалсафии ў аносири бисёр пурмазмуни диалектикиро низ дар бар гирифтааст. Аќоиди диалектикии Мирсаййидалї дар асарњои «Њафт водї», «Захиратулмулук», «Њалли мушкил», «Мир-отут-тобиъин», «Рисолаи дарвешия», «Авроди фатњия» ва дигар осори ў, ки теъдоди онњо то навад љилд мерасад, баён шудаанд. Дар ин маќола нигоранда пас аз баррасии аносири диалектикї дар теъдоде аз осори фалсафии Мирсаййидалї мисли «Њафт водї», «Авроди фатњия» ва «Захиратулмулук» ба ин натиља расидааст, ки вай дар назарияи диалектик аз вуљуд доштани панљ андоми њиссї, тарзи њосил шудани њисњо, дониши њиссї, моњияти дониш, таносуби дониши њиссї ва аќлї устуворона љонибдорї кардааст. Аз осори файласуф маълум мешавад, ки ў дар баррасии масоили номбурдаи раванди дониш бештар пайрави назарияи инъикос будааст. Ин таълимоти Саййидалии Њамадонї ўро ба сўи фалсафаи машшоъ рањсипор кардааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
56
66
https://www.rudakijournal.ir/article_22526_e4e65e21e862c486c1441a7c69bb44ab.pdf
Масоили назарї ва амалии танзими «Куллиёт»-и Мирсаййидалии Њамадони ба њуруфи кириллї
Њотам
Асозода
استاد زبان و ادبیات فارسی
author
text
article
2011
per
Дар ин маќола бар асоси осори то кунун шинохташудаи Саййидалии Њамадонї, дастхатњои осорхонаи мероси адабї ва осори хаттии ба номи Мирсаййидалии Њамадонї мавриди баррасї ќарор гирифтаву дар бораи масоили назарї ва амалии тартиб додани «Куллиёт»-и Мирсаййидалии Њамадонї ба њуруфи кириллї нукоте зикр шудааст. Тибќи тањќиќоти анљомшуда баъзе асарњои Мирсаййидалї дар миёни ањли саводи Љумњурии Тољикистон мављуд буда. Аммо бисёре аз дастхатњо дар солњои султаи њукумати Шўравї нобуд, пинњон ё ноёб шудааст. Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилоятї, ки аз соли 1968м оѓоз ба фаъолият карда ва аз соли 1990м ба номи Мирсаййидалии Њамадонї номгузорї шуда, аввалин рисолањои хурд ва маќолањои илмї дар бораи ин бузургаворро ба чоп расондааст. Тасвиби фармони махсуси Њукумати Љумњурии Тољикистон дар таљлил аз шашсадумин солгарди таваллуди Мирсаййидалї низ наќши муассире дар нашри осори ў дошт. Баъдњо ба кўшиши коркунони осорхона, осори хаттии Мирсаййидалии Њамадонї љамъоварї шуд, ки бахше аз ин нусхањо дастхат ва бахши дигар чопи сангї аст. Акнун низ дар ганљинаи дастнависњои осорхонаи адиб чињил љилд аз китобњои чопи сангии он бузургавор мањфуз аст. Дар маљмўъ имрўза мушкили муњим масоили назарї ва амалии танзими «Куллиёт»-и Мирсаййидалии Њамадонї ба њуруфи кириллї аст. Бо љуръат метавон гуфт, ки имрўза шароити мусоиде барои мураттаб кардани «Куллиёт»-и Мирсаййидалї ба њуруфи кириллї мављуд аст ва нахустин кўшишњо дар ин замина аз сўи Моњирхоља Султон (1994-1995м) анљом шудааст. Ў тавонистааст мунтахаби осори алломаро дар ду љилд тањия кунад. Аммо теъдоди зиёде аз асарњои Мирсаййидалї бо саъю талоши Раљаб Асозода ва нигорандаи ин маќола аз ганљинаи осори хаттии Љумњурии Тољикистон бо ёрии Амрияздон Алимардонов аксбардорї ва ба ганљинаи осорхонаи адиб ворид шудааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
67
76
https://www.rudakijournal.ir/article_22527_6d3da1f67c3f6eb2a8b0b7896a9de810.pdf

78
87
https://www.rudakijournal.ir/article_22528_001e1defc85d0e11f6052948f72c6318.pdf
«Рисолаи шарњия»-и Мирсаййидалии Њамадонї
Каримљон
Ќодиров
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
author
text
article
2011
per
Рисолаи «Машориќулазвоќ»-и Мирсаййидалии Њамадонї моњияти ирфонї доштаву муаллиф дар он ба шарњи истилоњот ва мазомини ќасидаи «Хамрияи мимия»-и Ибни Форизи Мисрї пардохтааст. Ин асар њамчунин шарњу тавзењи масоили илми арўзро низ дар бар мегирад. Њадафи ин рисола фањмондани муњтавои ќасидаи ирфонии «Хамрияи мимия» ба соликон ва ташрењи мабонии ишорот ва маонии ибороти он ба орифон аст. Мирсаййидалї дар тафсири ин ќиссаи ирфонї љамоли Худовандро маќсуди куллї барои лаззати висоли бандагон медонад ва таъкид мекунад, ки њаќиќати муњаббат навъе њаќиќати завќию виљдонї ва камолоти банда аст. Ишќ дар «Машориќулазвоќ» вуљуди ошиќро дар таљаллии љамоли маъшуќ мањв мекунад, то зиллати ошиќї бархезад ва њама маъшуќ монад. Муроди Мирсаййидалї аз маќоми муњаббат дидор љамоли мутлаќ аст ва њар фард аз афроди олами имкон аз љамоли ў камол меёбад. Мисраъњои шеърї, ки ў ба забони арабї ва форсї дар ин асар навиштааст, аркони арўзи арабї ва форсиро дар бар мегирад. Вай ин ду арўзро ба ќисматњои људогона таќсим накарда, балки дар мавориди гуногун онњоро шарњ додааст. Нигорандаи ин маќола дар поён пас аз баррасї ва зикри муњимтарин вижагињои ин рисола чунин љамъбандї кардааст, ки Мирсаййидалии Њамадонї дар «Машориќулазвоќ» бо тафсири ќасидаи «Хамрияи мимия»-и Ибни Форизи Мисрї ду масдари муњимми ислом (Ќуръон ва њадис)-ро тавзењ додаву дар поён рисолаи тафсирии худро навиштааст, ки «Толиби лабиб» ба василаи саодати абадї ва камолоти сармадї ќодир аст ба њаќоиќи ирфон бирасад.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
88
107
https://www.rudakijournal.ir/article_22529_1ab7bf4d47eeba829eddefd323dda1ac.pdf
Рисолаи «Ќуддусия» ва инъикоси масоили адлу эњсон
Аламхон
Кўчаров
استاد زبان و ادبیات فارسی دانشگاه ملی تاجیکستان
author
text
article
2011
per
Дар таълимоти динї ва ахлоќии Мирсаййидалии Њамадонї рисолаи «Ќуддусия» , ки ба лињози њаљм хурд ва аз назари мазмун барљаста аст, маќоми арзанда дорад. Ин асар ба бобњо таќсим нашуда, балки мавзўоти он пайдарпай ва бо такрори хитобаи «эй азиз» баён мешавад. Забони ин асар сода ва мўљаз аст ва таносуби калом, саљъ, тавсифи олї ва воситањои тасвир, мантиќи гуфторро пурќувват ва шеваи баёнро љаззобу гуворо кардааст. Дар рисолаи «Ќуддусия» масоили ахлоќи њамида дар дини мубини ислом баррасї шуда ва муаллиф бар ду роњ пок шудан аз гуноњ ва ба саодати ухравї расидан таъкид кардааст. Ба таври куллї дар бораи муњтавои ин асари арзишманд метавон гуфт тору пуди ахлоќии ин рисоларо адлу инсофу эњсон ташкил медињад. Таълимоти ахлоќии Мирсаййидалї дар ин рисола бар асоси мукофот ва муљозоти амал дар рўзи ќиёмат бунёд шуда ва ин усул бар арзиши ахлоќию таълимї ва тарбиятии рисола ба дараљот афзудааст. Њамчунин дар ин асар ошкории мазмун, табиї будани баррасї ва фасењ будани натиљагирї ба гуфтори Мирсаййидалї љаззобияти бештаре бахшидааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
108
113
https://www.rudakijournal.ir/article_22530_e470beb370ba74424590e39ee00b2c56.pdf
Ишќи ирфонї дар фалсафаи Алии Њамадонї
Абдурањмон
Мањмадов
استاد علوم سیاسی
author
text
article
2011
per
Мирсаййидалии Њамадонї аз зумраи мардуми ањли тасаввуфи асри чањордањуми мелодї аст. Осори ин адаби мутасаввиф зиёда аз њафтод буда ва таќрибан њамаи бахшњои улуми замонро дар бар мегирад. Дар таълимоти Мирсаййидалї ишќ љойгоњи хос дорад. Ин ишќ барои ў саршор аз андешањои ошиќона ва ањдофи орифона аст ва дунёи маънавияш њаќиќати ирфонї аст. Дар ин маќола зимни табйини мавзўи ишќи ирфонї дар нигоњи Мирсаййидалї масодиќи он дар осораш мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Ин орифи бузург њастии инсониро пеш аз њама ба ишќи илоњї вобаста дониставу онро ба олами рўњї њавола кардааст. Дар ин мартаба ў вуљуди хешро фаромўш мекунад ва дар дунёи муњаббат ѓарќ мешавад. Ў мављудияти Худоро сабаби асосии њастии тамоми мављудот мешуморад ва аз ин назар фалсафаи ў бо мафњуми «вањдати вуљуд» пайванд мехўрад, ки масодиќи ин тарзи фикр дар бархе осори ў, аз љумла маснавии «Њафт водї» мушоњида мешавад. Ба аќидаи ин орифи бузург ишќ такмилкунандаи тамоми мављудот аст ва баландтарин дараљаи ишќ ишќи илоњист. Нигорандаи маќола баъд аз мутолиа ва шарњи мухтасари фалсафаи ишќ дар нигоњи Саййидалии Њамадонї ба ин натиља расида, ки вай дар ин замина бештар мубаллиѓи чењраи тобноки дини ислом аст. Бинобарин дину мазњаб дар таълимоти ў на танњо бузургтарин манбаъи ахлоќї, балки асоси пешрафти корвони тамаддуни исломї ба шумор меравад.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
114
121
https://www.rudakijournal.ir/article_22532_48518dd229fdb87b0d3c75f69747ceb2.pdf
Сиёсат ва оини давлатдорї аз нигоњи Мирсаййидалии Њамадонї
Абдурањмон
Мањмадов
استاد علوم سیاسی؛ استاد علوم تاریخ
author
text
article
2011
per
Мирсаййидалии Њамадонї аз бузургтарин шахсиятњои илму фарњанг садањои миёна аст. Шинохти мероси илмии ин файласуф гувоњї медињад, ки вай дар таълимоташ ба масоили гуногуни фалсафї-ахлоќї, сиёсат, назарияи маърифат, мантиќ, диалектик ва... таваљљуњ кардааст. Ў бавижа дар бораи сиёсат, оини давлатдорї, усули идораї ва равобити байни мардум, андешањои дархури таваљљуње дорад, ки имрўз њам арзиш худро аз даст надодаанд. Мирсаййидалї дар тўли умри гаронбањои худ ба кишварњои мухталиф сафар карда ва дар натиљаи он бо ашколи мухталифи салтанат ва давлатдории кишварњои гуногун ошно шуда ва тавониста дар бораи сиёсат ва оини давлатдорї андешањои пурќимат пешнињод кунад. Ў њамчун донандаи бузурги фалсафаи ислом аќоиди худро дар бораи сиёсат мањз дар пайвастагї ба таълимоти ислом ва пайравї аз усули њукуматдории уламои дин ва дигар сиёсатмадорони мусулмон созмон додааст. Аќоиди иљтимої ва сиёсии Алии Њамадони љанбаи динї ва ахлоќї доранд ва ў њалли њама гуна масоили сиёсиро аз мавзеъи дину ахлоќ баррасї мекунад. Ў њамчунин дар идораи давлат ба хирад ва илму маърифат бањои баланд додаву аз подшоњон хостааст, ки зимни риояти инсофу адолат ба ањли илму фарњанг низ такя кунанд. Ин файласуфи бузург барои идораи кишвар шартњое гузоштааст, ки дар он њуќуќу манофеъи мусулмонон тањти њимоят ќарор гирифтааст. Ў ба њуќуќи раияти ѓайрмусулмон низ таваљљуњ карда ва риояти онњоро вољиб донистааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
122
134
https://www.rudakijournal.ir/article_22533_f064203e5b52b413033e8bc1e393eced.pdf
Маснавии «Њафт водї»-и Мирсаййидалии Њамадонї
Мирзо Муллоањмад
Каримљон Ќодиров
معاون دبیرکل آکادمی علوم جمهوری تاجیکستان؛ استاد فلسفه دانشگاه ملی تاجیکستان
author
text
article
2011
per
Мирсаййидалии Њамадонї аз зумраи орифон ва адибони пуркорест, ки осори фаровони илмию адабї таълиф кардааст ва муњаќќиќон теъдоди онњоро беш аз 170 нусха донистаанд. Яке аз осори боќимондаи ў маснавии «Њафт водї» аст, ки 642 байт дорад. Дар бораи мансуб будани ин маснавї ба Мирсаййидалии Њамадонї миёни муњаќќиќон ихтилофи назар вуљуд дорад. Бархе чун Њерман Эте, Шпрингер ва Алии Муњаммадии Хуросонї ин маснавиро асари Аттори Нишопурї донистаанд. Аммо Саид Нафисї, Муњаммад Риёз, Моњирхоља Султонзода, Њотам Асозода ва... таъкид кардаанд, ки «Њафт водї»-ро бо ин ки талхис ва фишурдаи «Мантиќуттайр» аст, метавон мутааллиќ ба Мирсаййидалии Њамадонї донист. Дар ин маќола бо такя ба назароти бархе аз ин муњаќќиќон, иштирокот ва тафовутњои ин ду асар ба ихтисор баррасї шудааст. Дар поёни ин бањсу баррасї нигоранда чунин натиљагирї кардааст, ки дар «Њафт водї» муаммои вањдат бо далелу бурњонњои раднопазир ва бадеъе дар хилъати ирфонї матрањ шудааст ва њамин мавзўъ нишон медињад, ки маншаъи «Њафт водї»-и Мирсаййидалї андешаи вањдати вуљуд аст. Соликон бо роњнамоии пир ба сафар бармеоянд ва баъд аз расидан ба маќсади нињої дарк мекунанд, ки њаќќу халќ ва вањдату касрат якест. Дар «Њафт водї» душворињои роњи солик бо обуранги бадеї тасвир ва шарњ ёфтааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
12
v.
32
no.
2011
136
154
https://www.rudakijournal.ir/article_22534_000ab479cd71d1e4b4fd0889efbe2e84.pdf