Муњаммад Иќболи Лоњурї ва вожасозии форсї
Сулаймон
Анварї
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
author
text
article
2006
per
Аллома Муњаммад Иќбол барои мардуми форсизабон аз шахсиятњои бисёр гиромї аст. Ў бо љуръат ва азми росих озими майдони шеъру адаби форсї шуда ва дар њузури Муллои Рум, Аттор, Њофиз ва дигарон хомањфарсої кардааст. Дар мавриди ашъор ва осори ин адиби гаронмоя ва чирадаст солњост, ки ањли ќалам бањс оростаанд. Љойгоњи волои забон ва сухан дар навиштањои Иќболи Лоњурї аввалин нуктаест, ки дар мувољања бо осори ин шоири тавонманд љалби назар мекунад. Мавзўъи маврид бањси дигар дар ашъори Иќбол корбурди вожањо ва иборотест, ки баёнгари мафоњими забон ва сухан дар ашъор аст. Дар ин замина нигоњи шоир тоза аст. Њатто худ саъй кардааст, ки ин шеваи офаринишро ба хонанда талќин кунад. Иќболи Лоњурї бо табъи дарроки худ аз тавонмандињои луѓат ва вожасозии забони форсї бархурдор шуда ва дар калимасозї, бахусус дар эљоди вожањои мураккаб даст ба ибтикор зада, ки дар ин маќола ба намунањое аз он ишора шудааст. Баррасии ин намунањо баёнгари он аст, ки тозанигорињои ин шоир дар илму адаб ба шеваи вожашиносї ва вожасозии ў бастагии мустаќим дорад.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
7
10
https://www.rudakijournal.ir/article_20623_861d09b542b5e308f6fe12025b20eb26.pdf
Нигоње дубора ба тарњи «Тадвини фарњанги решашинохтии забони форсї»
(Наќди маќола)
Абдуррањими
Бењрўзиён
استادیار
author
text
article
2006
per
Навиштаи њозир бо њадафи наќду тањлили маќолаи «Дар бораи фарњанги решашинохтии забони форсї ва зарурати тадвини он» таълифи Бањмани Саркоротї, ки дар сездањумин шумораи «Номаи Фарњангистон» чоп шуда, ба нигориш даромадааст. Нигоранда бо таъкид бар ин ки унвони аслии маќола бо мавзўъ ва мењвари аслии он њамхонии комил надорад, дар бораи адами шифоњияти таорифи баёншуда аз вожањо ва истилоњоти аслии бакоррафта дар матн, яъне «фарњанг», «решашиносї», «забон» ва «забони форсї» бањс карда ва зайли ановини мустаќил бад-онњо пардохтааст. Ба назари нигоранда дар маќолаи мавриди бањс таърифи “фарњанг” бисёр мубњам ва печида аст. Дар мавриди «решашиносї» низ таърихчае аз аввалин аносири шаклгирии ин раванди таърихї дар муќаддамаи маќола омада. Аммо муаллиф дар пардохтан ба усули тадвини фарњанги решашинохтї аз зикри бархе усули асосї чашмпўшї кардааст. Дар њавзаи забон низ нигоранда бо ишора ба ин ки вуруди як вожаи дахил, он њам аз як забони ѓайрихешованд ба маљмўъаи вожагон ва балки манзумаи як забон љуз итлоќи лафз бар маънї љойгоњи дигаре надорад, ёдовар мешавад, ки дар ин маќола дар тафриќи вожањои дахил дар забони форсї ва таќсими онњо ба ду гурўњ-«вожањои дахили мансух» ва «вожањои дахили роиљ» на адабиёти классик, балки «забон ва гуфтори роиљ ва имрўзї» меъёр ќарор гирифтааст. Њол он ки решашиносии вожањои дахил, он њам аз забонњои ѓайрихешованд натиљае дар бар надорад ва агар ќарор аст коре дар ин замина сурат гирад, бењтар аст дар ќолаби маљмўае људогона бо унвони «Фарњанги решашинохтии вожањои дахил дар забони форсї» бошад. Њамчунин, муаллифи ин маќола алоќаи вофире ба гунљондани асомии хос дар фарњанги мавриди бањс дорад, ки чунин тарње дар ќолаби ин фарњанг намегунљад.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
11
40
https://www.rudakijournal.ir/article_20625_9d154eda6a92669e88172937eadc4b45.pdf
Фарњангнависии форсї дар ќаламрави забони форсї
Муртазо
Разморо
استادیار
author
text
article
2006
per
Дар ин навишта «таърихи тањаввулоти фарњангнависии форсї» дар ќаламрави забони форсї баррасї мешавад. Бо муќоисаи ќадимитарин фарњангњои форсї бо фарњангњое, ки дар садаи бистум навишта шудаанд, метавон кулли таърихи фарњангнависии форсиро ба ду давраи «суннатї» ва «илмї» таќсим кард. Манзур аз фарњангнависии суннатї даврае аз фарњангнависи форсї аст, ки аз ќарни чањоруму панљуми њиљрї оѓоз шуд ва то поёни ќарни сездањуми њиљрї идома ёфт. Фарњангњои ин давра њам аз назари ќолаб ва њам аз назари муњтаво маъмулан такрори фарњангњои ќаблї будаанд. Дар фарњангнависии илмї, навиштани китоби луѓат ё фарњанги љадид танњо замоне ќобили таваљљуњ аст, ки бо он битавон тањаввуле эљод кард. Бо таваљљуњ ба ин нукот фарњангнависии имрўза аз назари замонї ба ду гурўњ-фарњангњои таърихї ва фарњангњои муосир таќсим мешаванд, ки нозир ба пайдоиши забоншиносии таърихї ва забоншиносии њамзамонест ва аз назари мухотабшиносї ба се даста- фарњангњои умумї, фарњангњои тахассуси ё мавзўї ва фарњангњои љомеъ таќсим мешаванд. Давраи тањаввул ва таљаддуди фарњангнависї дар Эрон аз замони Ќољория оѓоз шудаву то ба имрўз идома ёфтааст. Дар соли 1305 ш. дар Шибњи Қора китоби луѓате бо унвони «Фарњанги Низом» нигошта шуд, ки муаллифаш онро нахустин фарњанги љомеъи забони форсї хондааст. Як дања баъд аз аввалин чопи ин фарњанг Фарњангистони забон ташкил шуд, ки давраи аввал ва дувуми он ба «Фарњангистони аввал» ва «Фарњангистони дувум» шуњрат ёфтааст. «Фарњангистон севум» низ дар дињаи шаст ташкил гардид. «Фарњанги Нозиму-л-атиббо», «Фарњанги дузабонаи Њайим», «Луѓатномаи Дењхудо», «Фарњанги форсии Муин», «Фарњанги таърихии забони форсї», «Фарњанги алифбої-ќиёсии забони форсї», «Фарњанги дузабонаи нашри нав ва њазора» муњимтарин фарњангњое њастанд, ки пас аз таъсиси Фарњангистони Эрон таълиф шудаанд. Баррасии раванди тањаввули фарњангнависї дар Эрон нишондињандаи он аст, ки фарњангнависии форсӣ дар оянда ба сўи илмї шудан ва тахассусї шудан гом бархоњад дошт.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
41
70
https://www.rudakijournal.ir/article_20629_b67b2a47e202683fcea780bdc3411b5b.pdf
Нуктае чанд дар бораи фарњанги «Шарафнома»
Шавкат
Рустамов
استادیار
author
text
article
2006
per
Фарњанги «Шарафнома», таълифи Иброњим Ќивоми Форуќї аз љумлаи осори гаронмояи забон ва адаб форсист, ки нигориши он дар соли 878 ќ. дар Бињори Њинд ба поён расидааст. Манобеъи илмї иттилооти мухталифе дар бораи «Шарафнома» ва муаллифи он ба даст додаанд. Аз љумла ин ки Ќивомуддини Форуќї онро ба шарафи муршиди хеш, Шарафуддин Ањмад ибни Яњёи Мунирї «Шарафномаи Мунирї» номгузорї кардааст. Дар фењристњои мухталифи ганљинањои хаттї дар бораи мундариља, шакл ва замони китобати нусхањои гуногуни фарњанги «Шарафномаи Мунирї» маълумот фаровон аст. Маќолаи њозир бар мабнои ду нусхаи тољикистонии ин фарњанг тањия шудааст. Тањлили ин ду нусха нишон медињад, ки «Шарафномаи Мунирї» дорои арзишњои илмию адабии фаровони буда, ки нишондињандаи зуњури марњалаи муњимми рушду такомули фарњангнависї дар ќарни понздањуми мелодї аст. Аз вижагињои муњимми ин фарњанг ѓанои таркиботи луѓавї, боло будани арзиши илмии маълумоти ироашуда, зикри њаракоти луѓот ва тафсир бо муродифњо ва авзон ва зикри љомеъи маонї, корбурди усули шарњи маонии бархе шавоњид ва иќтибос аз Ќуръони карим ва ањодис дар тафсири маънињо ва шарњи бархе абёт аст, ки дар ин маќола бо зикри шоњидмсолњое бад-онњо пардохта шудааст. Аз маљмўъи матолиби зикршуда дар ин маќола метавон натиља гирифт, ки илми луѓатнигории форсу тољик дар ќарни понздањум тањаввулоти аљиберо пушти сар гузоштаву ба равишњои љадиде даст ёфтааст, ки баъдњо барои зуњури фарњангњои љомеъ заминањои муфиде фароњам карданд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
71
84
https://www.rudakijournal.ir/article_20630_e8909c517108c009bf97b884623f0271.pdf
Мухтасаре дар бораи усули илмии «Фарњанги форсї-тољикї»
Муњаммадљон
Шакурии Бухорої
استادیار
author
text
article
2006
per
«Фарњанги забони тољикї», ки дар ду љилд дар соли 1969 м. дар Маскав чоп шуд ва дар соли 2006 м. дар Тењрон ба номи «Фарњанги форсии тољикї» ба табъ расид, бар асоси усули тозаи илмї тартиб ёфтааст. Дар ин фарњанг кўшиш шудааст, то суннатњои миллии луѓатноманигорї аз бархе љињот ба дараљаи дастовардњои илми љањонии аср бурда шавад. Роњу равиши муаллифони ин фарњангро «сифориши иљтимоии замон», хостањои як давраи муњимми таърихи Тољикистони Варорўд муайян кардааст. Дар дањањои бистум ва сиюми ќарни гузашта дар паи талоши понтуркистњо барои инкори мављудияти миллати тољик мардум тољик кўшиданд бо иттико ба худогоњии миллї бо ин нигариш мубориза кунанд. Бисёре аз сафњањои «Фарњанги забони тољикї» низ ба майдони њамин мубориза табдил ёфтааст. Ин фарњанг исбот кард, ки забони тољикии имрўз бештар аз њазор сол таърих дорад ва аз шеъри Рўдакї оѓоз шудааст. Яке аз ањдофи тартибдињандагони ин фарњанг исботи ин њаќиќат буд, ки ончи мо имрўз «забон тољикї» меномем, њамон забони форсї аст ва барои исботи ин муддао намоён овардани љуѓрофияи таърихии вожа яке аз усули илмї ќарор гирифт. Њадафи аслї аз тадвини ин фарњанг дастёбии хонандаи имрўзи тољик ба андўхтањои олии забон ва пешгирї аз дурии ў аз забони модарї аст. Маљмўъи баррасињои анљомгирифта дар ин маќола рољеъ ба ин фарњанг ва заъфњову ќувватњои он ин натиљаро дар пай доштааст, ки бо вуљуди мушоњидаи андаке сањву хато дар шарњу маънидоди калимањо ва иборатњо «Фарњанги забони тољикї» вазифањои бузурги таърихии худро муваффаќиятомез анљом додааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
85
92
https://www.rudakijournal.ir/article_20631_c79378605a134323e2c4c848342bd823.pdf
Куллиёти Садриддин Айнї ва эњёи луѓатномаи ў–«Луѓати нимтафсилии тољикї барои забони адабии тољик»
Камолиддин
Айнї
استادیار
author
text
article
2006
per
Пас аз вафоти Садриддин Айнї масъалаи нашри Куллиёти осори ў ба миён омад ва тайи ду сол бойгонии осори ў ба диќќат мавриди баррасї ќарор гирифт. Дар солњои 1954-1956 м. дар миёни дастхатњои архиви шахсии Айнї як даста мусаввада аз корњое, ки дар тайи солиёни тўлонї барои таълифи луѓатномаи тољикї анљом дода буд, пайдо шуд. Ба гуфтаи худи муаллиф дар китоби «Мухтасари тарљумаи њоли худам» ин луѓатнома 15 њазор луѓатро дар бар дорад. Аммо чун нусхаи комили он дар даст нест, даќиќан маълум нест, унвони он чї будааст. Фаќат дар яке аз авроќи мусаввада, ки дар архиви Айнї боќї монда, ин асар «Луѓати нимтафсилии тољик барои забони адабии тољик» номида шудааст. Дар маќолаи њозир нигоранда ба тафсил ба табйини равиши худ барои тањия ва такмили илмии ин луѓатнома пардохтааст. Тибќи гуфтаи ў мундариљоти ин китоб беш аз 11њазор луѓат аст, ки 50 дарсади ин луѓатњо аз забони зиндаи халќи тољик ва 50 дарсади дигар аз китобњои луѓат ва адабиёт гирифта шудаанд. Нимаи 50 дарсади дувум луѓатњое њастанд, ки барои фоида бурдан аз адабиёти классики тољик ба кор бурда мешаванд ва нимаи дигар низ луѓатњое њастанд, ки феълан дар адабиёти нафисаи имрўзи тољик ба кор мераванд, аммо маъноњои онњо барои оммаи навсаводон равшан нест. Нигоранда дар поён ёдовар шудааст, ки луѓатњои забони зиндаи тољик, ки дар ин китоб гирд омада, хизонаи забони зиндаи халќ аст, ки њанўз дастнорасида аст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
93
102
https://www.rudakijournal.ir/article_20632_138343ba44e5bafe9341ea9495eda83a.pdf
Мушкилоти вожагузинї ва истилоњсозї дар Тољикистон
Сайидљаъфар
Ќодирї
استادیار
author
text
article
2006
per
Ба вуљуд омадани истилоњи «адабиёти тољик» дар соли 1924 м. сабаби дурии тољикон аз истилоњи таърихии «адабиёти форсї» шуд. Аз њамин рў барои аз миёни бурдани каљфањмињо ва иѓвогарињо истилоњи «адабиёти форс-тољик» ба вуљуд омад, ки њам мазмуни чандњзорсолаи «адабиёти форсї»-ро инъикос медод ва њам таркиби навзоди «адабиёти тољик»-ро њаммаънои он мекард. Дар ин замина таваљљуњ ба њамбастагии таркибњои «адабиёти форсї» ва «адабиёти тољик» бисёр њоизи ањаммият аст. Њамакнун, ки забони тољикї аз ќайду банд рањо шуда ва роњи додуситадњои фарњангї бо њамаи кишварњо боз шудааст, метавон вожагузинї ва истилоњсозиро дар доираи нави имконоти дохилии ин забон ривољ дод. Аз он љо, ки забони орї аз истилоњоти илмї њаргиз комил нест, забони тољикї низ барои комил шудан ниёзманди эњёи забони илм ва муодилсози истилоњоти илмї ва фаннии роиљ дар забонњои гуногуни дунёст, ки дар ин маќола ба намунањое аз ин вожасозињо ишора шудааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
103
108
https://www.rudakijournal.ir/article_20633_8e21d14a3b4820a716f1b7242e39d74a.pdf
Нигоње кўтоњ бар «Мулаххасуллуѓот»
(Наќди китоб)
Масъуди
Ќосимї
استادیار
author
text
article
2006
per
Ин маќола наќди китоби «Мулаххасуллуѓот» таълифи Њасан Хатиби Кирмонї аст, ки ба эњтимоми Сайидмуњаммад Дабирсиёќї ва Ѓуломњусайн Юсуфї ба соли 1362 ба чоп расидааст. Ин китоб аз фарњангњои арабї ба форсї аст, ки ба гуфтаи мусањњењон, ањволи муаллиф ва замони таълифи он маълум нест. Аммо дар поёни китоб омада, ки дар санаи 938 ќ. дар шањри Кирмон китобат шудааст. Ин фарњанги кўчак, ки беш аз 4 њазор луѓатро дар худ љой дода, бисёре аз луѓоту маонии «Муњаззабу-л-асмоъ»-ро наќл кардааст. Нигорандаи ин маќола дар зимни мутолиаи ин китоб ба нуктањое даст ёфта, ки ба тартиби сафња бад-онњо ишора кардааст. Дар ин асар ба далели ин ки мусањњењон ба њангоми додани тартиби алифбоии даќиќ ба луѓот, тартиби нусхаи аслро ба диќќат тавсиф накардаанд, мушаххас кардани мавориде, ки эњтимолан худи муаллифи «Мулаххасуллуѓот»ё котиби он дар наќл аз марољеъ дучори лаѓзиш шудаанд, номумкин шудааст. Аз њамин рў нигоранда ба зикри мавориди нодуруст ба њамроњи шоњидмсолњое аз манобеъи дигар басанда кардааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
109
126
https://www.rudakijournal.ir/article_20634_8d87966ccea9a02af41ad49b2a8489d3.pdf
Сайре дар «Фарњанги осори Љомї»
Жило
Гулназарова
استادیار
author
text
article
2006
per
Луѓатнигории форсии тољикї таърихи хеле ќадимї ва ѓанї дорад. Аммо луѓатнома ё фарњанги осор ё асари људогонаи шоирон ва адибон хеле кам тадвин ва нашр шудааст. «Фарњанги осори Љомї» дар луѓатнигории тољик аввалин фарњанги нисбатан комили мансуб ба осори як адиб ба шумор меравад. Фарњанги мазкур 15 њазор калима ва иборатро дар бар гирифта, аз ду љилд иборат буда ва дар он калимот ва иборатњо бар асоси њуруфи алифбо танзим шудааст. Дар ин маќола ба таври интихобї шарњу тафсири бархе вожањои ин фарњанг дар муќоиса бо «Фарњанги забони тољикї» зикр шудааст. Дар поён муаллиф ба ин натиља расида, ки «Фарњанги осори Љомї» хусусиятњои забони осори бадеии шоирро ба ќадри кофї бозтоб намудааст; Аз ин рў, нашри ин асар барои шинохти осори Љомї манбае арзишманд мањсуб мешавад.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
127
136
https://www.rudakijournal.ir/article_20635_873d432702f7bab6962da9d13c6f866e.pdf
Фарњангнависии навини тољик дар панљаи сиёсати синфиятгаро
Абдулхолиќ
Набавї
استادیار
author
text
article
2006
per
Дар солњои барќарор шудани њокимияти Шўравї пажўњиши илми забон, адабиёт ва фарњанги тољикї бо истифода аз дастовардњои илми љањонї танзим шуд ва натиљањои хубе низ ба даст омад; Аммо ин њама дар заминаи сиёсатњои њизби коммунист иљро мешуд ва аз ин сабаб дар љараёни амалї шудани онњо натоиљи хуб ва бад аѓлаб пањлўи њам буданд. Таърихи таълиф, баррасї ва лаѓви нахустин фарњанги тољикї-русї ба номи «Луѓати Бектош» бозгўкунндаи ин фарозу нишеб дар фарњангнависии тољик аст. Назруллоњи Бектош аз бунёдгузорони илми филологияи тољик аст, ки њамеша дар муќовамат бо сиёсати фарњангии Шўравї ќарор дошт. Дар ин маќола, ки бо њадафи баррасии луѓати тољикї- русии Бектош ба нигориш даромада, ибтидо шароити таърихии тадвини ин фарњанг зикр шуда ва дар идома назароти Бертелс дар бораи ин фарњанг наќд шудааст. Муаллиф дар поён натиља гирифтааст, ки Бектош ба унвони аввалин муаллифи луѓатномаи дузбона ва фарњангнависии нави тољик зарурати тадвини луѓати умумии забони форсиро дарк карда ва ба раѓми назари иддае мабнї бар «синфї будани луѓат», «њушёрии синфї њангоми тартиб додани луѓат» ва «инъикоси сиёсат дар луѓат» ба тадвин он њиммат гумоштааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
137
147
https://www.rudakijournal.ir/article_20636_628d2027582adb28a3981705015f44ec.pdf
Фарњангнигорї ва забони адабии муосири тољикї
Сайфиддин
Назарзода
استادیار
author
text
article
2006
per
Фарњангнигорї дар забони тољикї таърихї тўлонї дорад. Аммо аз авохири дањаи бистуми асри гузашта зарурати тањия ва тадвини фарњангњои нави забони тољикӣ ба миён омад. Дар њамоише бо номи «Конфронси якуми омўзиши кодрњои тавлиди Тољикистони Шўравї» , ки ба соли 1932 м. дар Ленинград баргузор гардид, масъалаи тартиб додани фарњангњои гуногун, танзими усули истилоњсозии забони тољикї ва... баррасї шуд ва донишмандони барљастае чун Олденбург, Бертелс, Фрейман, Зарубин, Якобсон ва... андешањои худро баён карданд. Бо њадафи амалї кардани тавсияњои ин конфронс њайате зери назари Садриддин Айнї ташкил шуд ва бо њадафи тањияи «Луѓати русї- тољикї» оѓоз ба кор кард. Дар ин маќола муаллиф ибтидо вижагињои ин фарњангро баршумурда ва ба баёни назароти Бертелс дар хусуси ин фарњанг ва низ фарњанги дигаре бо унвони «Луѓатномаи тафсирии забони тољикї» пардохтааст. Дар идома назари суханронони дигари ин конфронсро дар бораи мушкилоти марбут ба тартиби фарњангњои дузбона, назарияњои нав дар заминаи усули луѓатсозї, лузуми таълифи луѓатномаи тафсилии истилоњоти сиёсї ва... зикр кардааст. Дар поён низ ба мушкилоти фарњангсозї ва фарњангнигории ин давра, ки мутаассир аз фазои сиёсии он рўзгор буда, ишора кардааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
12
no.
2006
148
164
https://www.rudakijournal.ir/article_20637_29f0f119d39bc813bb6d03be5526ce51.pdf