Пешгуфтори мудири масъул
Сулаймонї
Қањрамон
استادیار
author
text
article
2006
per
орифи авохири садаи нуздањум ва авоили садаи бистуми мантиќаи Хатлон (воќеъ дар Тољикистон) ба шумор меравад. Ин маќола бар он аст, то андозае ба муаррифї ва шиносондани ин шоири тољик бипардозад. Абёт ва ашъори ин шоир нишон медињад, ки вай аз улуми даврањои ќадим бохабар будааст. Ин донишманди шоир бо риояти дастури суннатии вожасозї вожањое сохта, ки арзиши ашъори вайро дучандон кардааст. Кангуртї њамчунин дар ашъори худ аз таркиботи љолибу муассире истифода кардааст, ки таъбирњои маљозии шеъри шоир мањсуб мешаванд. Нигоранда дар љамъбандї ба ин натиља расидааст, ки ашъори Њољї Њусайни Кангуртї аз вижагињое бархурдор аст, ки баррасї ва тањлили онњо дар ин маќтаи замонӣ дар рушду болндагии забон тољикї ба унвони забоне миллї муфид воќеъ хоњад шуд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
7
10
https://www.rudakijournal.ir/article_20205_68917bc99d0c4459f81b06a83438b373.pdf
Нигоње ба куллиёти Ҳоҷӣ Њусайн
Љўрахон
Баќозода
استادیار
author
text
article
2006
per
Кўлоб яке аз шањрњои бостонии кишвари Тољикистон аст, ки дар тайи ќарнњои гузашта хостгоњи шахсиятњои бузурги илмї, фарњангї ва адабї будааст. Дар чанд дањаи ахир низ аз ин минтаќа шоирон ва нависандагони љавон вориди арсаи адабиёт шудаанд. Ин адибон парвардаи замони истиќлол, баъд аз фурўпошии Шўравї њастанд. Бад-ин сабаб мавзўъ ва масъалањои мавриди тасвири эљодиёти ин адибон бо љараёнњое, ки дар кишвари соњибистиќлоли Тољикистон рух медињад, башиддат дар иртибот аст. Нигорандаи маќола рољеъ ба осори ду нависандаи тавоно Абдулњамид Самад ва Сайф Рањим, ки љузъи њамин даста аз адибони муосиранд ва њар асари тозаи онњо њодисае адабї дар адабиёти тољик ба шумор меравад, ба баёни аќида пардохтааст. Вай муътаќид аст навъњои њикоят ва ќисса дар насри тољик аз бисёре љињот ба осори ин ду нависанда вобаста аст. Аз сўе дигар сабки нигориши ин ду нависанда бо њамдигар мутафовит аст. Сабки Абдулњамид Самад омехтаи тасвирњои равонї ва интизоъї аст ва муњтавои тасвирњои Сайф Рањимро рамз ва тамсил ташкил медињад. Нигоранда бар ин бовар аст, ки Абдулњамид Самад њунари волое дорад, ки сарнавишти ќањрамонони гуногунхислатро баѓоят муътамид ва муассир ба ќалам медињад ва дар офаридањои ў таќдири одамиён ва њодисањои ногањонї ва печида равшану возењ ба њам омадаанд. Аз дигар сў дар мавриди Сайф Рањим ба ин љамъбандї расида, ки дар љањонбинии ў шахсияти инсон ду љанба дорад: дар як љанба инсон таќдирашро худаш таъйин ва роњи зиндагияшро худаш муайян мекунад, яъне таќдирсоз аст; Ва дар љанбаи дигар инсон дар амалу рафтори худ озод нест, балки мутеъи ќавонин, навиштаи перомуни инсонњо ё сохтори иљтимоист. Аз мутолиаи осори Сайф Рањим метавон чунин натиља гирифт, ки асарњои нависанда дар њељ ќолаби маъмулие намегунљад.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
1
24
https://www.rudakijournal.ir/article_20209_3773aa73958a389cf039d46a2eb9e60a.pdf
Адабиёти муосири Кӯлоб
Љумъахон
Темурзода
استادیار
author
text
article
2006
per
«Фалак» суруди мардуми мантиќаи Кўлоб аст, ки бо номњои «Розњои орифона», «Нидои малакут», «Розу ниёз», «Фироќи Юсуф», «Шўри ќиёмат», «Фарёди дурињо» ва «Овои шўридањо» машњури љањониён шудааст. Баъдњо ин сурудаи орифона ба номи «Суруди орифони балхї» машњур мешавад. «Фалак» аслан мањсули тафаккури шуарои сўфитабъ ва аз розњои малакутии онњо дар муроќибат аз нафс ва иртиботи рўњонї бо холиќи азалї будааст. Оѓозгари базми фалак, назму низоми орифона ва лањни шевову ошиќона ва садои «ёњу» гуфтани сўфиён буд ва асосан «суруди фалак» таронаи орифона буда, ки њар касе наметавонистааст ба умќи он фурў равад ва бештари шунавандагони онро шогирдони мактабњои њирфаї ва устодон ташкил медоданд. Чакандўзии кўлобї низ мутобиќи бархе аз манобеъи таърихї бисёр ќадимї, намоде аз сурудњои фалак аст. Нигоранда муътаќид аст, ки мактаби фалаксароёни Хатлон аз ќадим то ба имрўз дар њоли рушду тараќќї буда ва хатлониён ин амонатро аз гузаштагони хеш дар тўли ќарнњо ба мерос гирифта ва арљ нињода ва нигоњ доштаанд ва бар ин бовар аст, ки Кўлоби бостонї фалакрезу фалакхез аст ва шинохти бештари ин мантиќаи бостонї аз ин назар ниёзманди пажўњишњои бештарест.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
25
28
https://www.rudakijournal.ir/article_20210_dd78b193d4242420b4088da52af4641a.pdf
Фалакрезу фалакхез аст Кӯлоб
Ќањњори
Расулиён
استادیار
author
text
article
2006
per
Сарзамини Хатлон дар тўли таърих аз шањрњо ва ободињое аз ќабили Мунк, Њулбук, Ибк, Парѓар ва... муташаккил будааст, ки дар тўли замон ва бар асари њаводиси рўзгор бештари ин шањрњо аз байн рафтаанд. Аммо бархе осори боќимонда аз ин шањрњо тайи њафриёти бостоншиносон кашф шудаанд. Дар ин маќола ин осори таърихии кашфшуда ба чањор даста таќсим шудаанд: 1. Осори бостонї; 2. Осори таърихї; 3. Осори меъморї; 4. Осори зиёратї. Дар миёни ин осори бостонї ва таърихї шањру шањракњои Њулбук, Сайёд, Саксанохур, Золи Зар, Кафтархона, Мунк, Пушин ва Муъминобод дорои ањаммияти вижа њастанд. Дар ин маќола њамчунин дар миёни осори меъмории ин сарзамин аз маќбарањои Мир Саййидалии Њамадонї, Домулло Икром, Ёрмуњаммади Валї, Шоњи Хомўш, Мавлоно Тољуддин, Њазрати Султон ва чанд тан аз бузургони дигар, ки ифтихори Хатлонзмин ва кулли Тољикистонанд, ном бурда шудааст ва аз љумлаи осори зиёратї, ки то ба имрўз кашф шудаанд, низ ба Қурѓон ва маскангоњи Макони мор, маќбараи Имом Љаъфари Содиќ (а) дар ноњияи Шўроободи Хатлон ва чанд мавриди дигар ишора шудааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
29
32
https://www.rudakijournal.ir/article_20211_7e21d7e51e69e879c1b5c53b3bab828e.pdf
Нигоње ба осори таърихї ва
фарҳангии Хатлон
Равшан
Рањмонї
استادیار
author
text
article
2006
per
Афсонањо ба таври куллї дар зиндагї ва адабиёти њар ќавму миллате дорои ањаммият ва шоистаи мутолиа аст. Дар Кўлоб ва минтаќањои дигари сарзамини Хатлон низ афсона дорои љойгоњи вижае буда ва таваљљуњи муњаќќиќонро ба манзури гирдоварии фолклори мардуми ин минтаќа барангехтааст. Нигорандаи ин маќола низ чанд солест, ки ба гирдоварии маводи фолклорї машѓул буда ва дар тайи солњои тањќиќ ва бар асоси дидањо ва пурсишњо ба ин натоиљ даст ёфтааст: 1. Афсона њамчунон байни мардуми Кўлоб маъмул аст; 2. Дар байни афроде, ки сї то панљоњ сол доранд, донандагони афсона вуљуд доранд. 3. Дар байни ашхосе, ки байни њаждањ то сї сол доранд, афроди хеле каме афсона медонанд ва таваљљуњи камтаре ба шунидан ва наќли он доранд; 4. Дар байн хурдсолон ва љавононе, ки аз чањор то понздањ сол доранд, идома доштани суннати афсонагўиро метавон мушоњида кард. Албатта ин натоиљ бар асоси дидањо, шунидањо ва пурсишњои солњои гуногуни фаќат як нафар сурат гирифтааст ва барои расидан ба натоиљи сањењ корњои майдонии даќиќ лозим аст ва муњимтарини ин корњо пеш аз њама сабт кардани афсонањост, ба тавре ки агар ин матнњои афсонаї дар видео сабт шавад, барои пажўњандагон маводи илмии арзандае ба љой хоњад монд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
33
40
https://www.rudakijournal.ir/article_20212_37fae4456c245b75d0ed53aebd1eb2eb.pdf
Пиромуни афсонаҳои мардуми Кӯлоб
Абдувалї Шарифзода (Шарифов)\ Таърихи сиёсии
Равшан
Рањмонї
استادیار
author
text
article
2006
per
Осори таърихї-адабї, ки аз ќуруни гузашта бар љой мондаанд, тавонистаанд то андозае шароит ва авзоъи сиёсї, иљтимої ва љуѓрофиёии давраи хешро баён кунанд. «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздї низ намунае аз бењтарин асарњои таърихї ба шумор меравад, ки байни солњои 1419-1424 м. бар асоси асноди расмии дарборї ва наќли њамсафони Темури Ланг нигошта шуда ва дар он ба ваќоеъи сиёсї, њокимон ва воњидњои маъмурї ва љуѓрофии Хатлон, ки яке аз вилоятњои муњимму стратегии Мовароуннањр мањсуб мешавад, пардохта шудааст. Шарафуддин Алии Яздї дар ин асар дар бораи љузъиёт ва низ рољеъ ба вазъияти умумии Мовароуннањри давраи Темуриён ахборе муњим ироа мекунад. Бад-ин тартиб ба назар меояд, ки «Зафарнома» дар тањќиќи таърихи сиёсї ва љуѓрофиёии Хатлони садаи чањордањуми мелодї ва њамчунин такмили пажўњиши катибаи санги ќабри амир Муњаммади барлос дар шањри Кўлоб манбае муњим ба шумор меравад, ки дар он марокизи муњимму стратегии Хатлон–Мунк, Сойи сарой, Вахш, Оќсарой, Дашти калак (Данѓараи имрўза) ва Балљувон зикр шудаанд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
41
56
https://www.rudakijournal.ir/article_20213_b3b979149ad1a082111992e7e9b0b69c.pdf
Адабиёти Кӯлоб
A.
Абдурањимов
استادیار
author
text
article
2006
per
Кўлоб, ки дар гузашта ќисмате аз вилояти таърихии Хатлон (Хаталон, Хуталон) мањсуб мешуд, макони шоирони мардумї, гўяндањо, донандагони афсонаву ривоятњо, рубоисароён, дубайтигӯён ва гўрўѓлихонон буд. Аз маълумоти манобеъи таърихї бар меояд, ки дар ќарни дањуми мелодї Хатлон бахше аз давлати Сомониён буда ва дар он илму адабу фарњанг вуљуд доштааст. Тибќи тањќиќоти анљомшуда дар осори таърихї ва сарчашмањои адабї рољеъ ба намояндагони адабиёти форсї ва тољикии ќарнњои ёздањум ё сездањуми мелодї аз мантиќаи Кўлоб њељ гуна маълумоте сабт нашудааст. Шоёни зикр аст, ки эњёи њаёти адабии Кўлоб дар ќарни чањордањи мелодї бо номи Мир Саййидалии Њамадонї пайванд хўрдааст. Намояндаи дигари адабиёти Кўлоб Боќии Кўлобї, шоири маъруфи ќарни шонздањи мелодї аст. Ба бовари нигорандаи ин маќола маълумот дар бораи шоирон ва ањли адаби Кўлоб аз ќарни њаждањум то ибтидои ќарни бистум нисбатан фаровон аст. Дар ин даврон њаёти адабї дар Кўлоб ва навоњии атрофи он дар љўшу хурўш будааст ва адибону шоирон равобити эљодї дошта, дар мањфилњои адабї љамъ мешудаанд. Дар ин маќола ба шуморе аз ин адибони Кўлоб ва мањофили адабии онњо ишора шудааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
57
70
https://www.rudakijournal.ir/article_20214_520099db88a74a994bd89f9cd8e22f93.pdf
Пири Хатлон
Ҳотам
Асозода
استاد
author
text
article
2006
per
Яке аз бузургоне, ки аз ќадами мубораки ў диёри Хатлон азизи оламиён шудааст, Мир Саййидалї ибни Шињобуддин ибни Муњаммади Њамадонї (1314-1386 м.) аст, ки дар шањри Њамадон чашм ба љањон гушуд. Ин аллома ва орифи бузург тибќи манобеъи таърихї ба воситаи модараш бо њабдањ ва ба воситаи падараш Шињобуддин бо шонздањ восита ба Алии Муртазо ва паёмбари ислом Муњаммад (с) мепайвандад. Тибќи маълумоти «Равзату-л-љинон» ва «Љанноту-л-љинон»-и Њофизи Карбалої, Алии Њамадонї баъд аз анљоми давраи таълиму тарбият аз 34 нафар орифи бузург сазовори хирќаи ифтихорї ва иљозаи иршод гаштааст. Аз вижагињои муњим дар зиндагии он њазрат сафарњои эшон аст. Мусофиратњои Мир Саййидалии Њамадониро ба се бахш метавон таќсим кард: бахши аввал марбут ба мусофиратњои солњои љавонии эшон аст ва рољеъ ба бахши дувум ва севуми мусофиратњои ин ориф бузург, ки бештар ба се минтиќа Хатлон, Кашмир ва Арабистон марбут аст, дар сарчашмањо маълумот кам аст. Ончи мусаллам аст, Алии Њамадонї бо ин сафарњо тавонист бисёр муридони содиќ ва пайравони комил тарбият кунад. Њамчунин он њазрат аз худ осори зиёде дар мавзўъњои фалсафа, ахлоќ, ирфон, адабиёт, фиќњ ва илоњиёт ба мерос гузоштааст. Ин алломаи олиќадр бино бар ривоёти таърихї дар сол 1386 м. дар музофоти Кунар (Асадободи имрўзї)-и Афѓонистон љон ба Њаќ таслим кард ва дар Кўлоб–сарзамини Хатлон ба хок супурда шуд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
71
84
https://www.rudakijournal.ir/article_20215_6e1f700645ee7de905916b73e0d342c3.pdf
Шӯриши сӯфиён дар Хатлон дар соли 1423
Замира Ѓаффорова \ Назаре ба равобити адабии
Ѓолиб
Ѓоибов
استادیار
author
text
article
2006
per
Мир Саййидалии Њамадонї дар соли 773ќ/1372м, яъне ду сол баъд аз ба тахт нишастани амир Темур дар Фарорўд ба Хатлон омадаву сокин шуда буд. Гузашти замон ва мањбубияти беш аз њадди Саййидалї бухлу њасади шуюхи мањаллиро барангехт ва мўљиботи хурўљи Сайидалии Њамадонї аз Хатлон ва сафари ў ба Кашмирро фароњам кард. Баъд аз вафоти Саййидалии Њамадонї дар соли 784ќ/1386м . хирќаи вилоят ва љонишинии вай ба домодаш Хоља Исњоќ расид. Дар байни муридони хоља ду нафар, яъне Шайх Муњаммади Нурбахш ва Саййид Абдуллоњи Барзишободї машњур шуданд. Хоља Исњоќ дар соли 826ќ/1423м. Муњаммади Нурбахшро ба хурўљ ва шўриш алайњи шоњзодаи Темурї-Шоњрухмирзо фаро хонд. Сабаби шўриши сўфиён низоъи аќидатї буд. Аммо ба далели адами пуштибонии Абдуллоњи Барзишободї ва тарафдоронаш дар набард алайњи Шоњрхмирзо ба сабаби ѓуруру худнамоии Муњаммади Нурбахш, ки худро «Мањдии охирзамон» ва «имом» эълом карда буд, Хоља Исњоќ ва Муњаммади Нурбахш ва муридонишон дар ин набард шикаст хўрданд. Шоёни зикр аст, ки дар хотимаи ин набард Хоља Исњоќ ва бародараш кушта шуданд. Аммо Муњаммади Нурбахш пас аз асорат ибтидо ба Њирот ва аз он љо ба Шероз фиристода шуд ва дар он љо ба кўшиши Иброњимсултон озод шуд ва ба Ироќ ва баъд ба Курдистон рафт.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
85
96
https://www.rudakijournal.ir/article_20216_da57bc2fa1909611197444bf1497a55f.pdf
Назаре ба равобити адабии
Хатлон ва Њинд
Ѓаффорова
Замира
استادیار
author
text
article
2006
per
Сарзамин Хатлон аз муњимтарин манотиќи Тољикистон ва зодгоњи зуњури мактаб ва нењзатњои илмї ва адабї дар тайи ќарнњои гузашта аст. Аз шахсиятњои муњимми фарњангї ва адабии ин диёр метавон ба Мир Саййидалии Њамадонї ишора кард. Тибќи маълумоти манобеъи таърихї Мир Саййидалии Њамадонї дар нимаи аввали ќарни чањордањуми мелодї аз Њамадон ба Хатлон омад ва ба таблиѓи ислом ва таълифи осори гуногун машѓул шуд ва пайравони зиёде пайдо кард. Вай дар тўли њаёти хеш чандин бор ба Кашмири Њинд мусофират кард ва миёни салотин ва бузургони ин диёр нуфузи мазњабии зиёде ба даст овард. Робитаи ќавии миёни адибони Њинд ва Хатлон ба ѓайр аз давраи Саййидалии Њамадонӣ дар дигар даврони таърихї низ идома ёфт. Намунае аз он сафари Њаётљон машњур ба Боќии Кўлобї, аз шоирони ќарни шонздањуми мелодии тољик ба Њинд аст, ки иртиботи адабии Њинд ва Хатлонро таќвият бахшид. Дар љамъбандии равобити адабии Хатлон ва Њинд метавон ба ин натиља расид, ки пайванди адабии ин ду минтаќа собиќаи ќадими таърихї дорад ва барои густариш ва ривољи он маќоми Саййидалии Њамадонї хеле бузург аст. Таќвияти ин равобит дар заминаи иродат ва ихлос ба шахсиятњои маънавї љињати дигари ривољи муносибатњо ба сўи Њинд њаракат кардани ањли адаби Хатлонро низ дар пай овард, ки њосили он густариши пайванди адабї њар ду минтаќа буд.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
97
112
https://www.rudakijournal.ir/article_20217_c74ce44ffd4d125881dec0c0163b7779.pdf
Файзи ќадами Амири Кабир
Аламхон
Кўчаров
استادیار
author
text
article
2006
per
Сарзамини Хатлон ва мантиќаи Кўлоб бо вуљуди шахсиятњои бузурги фарњангї ва адабї, ки дар тўли таърих аз ин диёр бархостаанд, аз шуњрату ањаммияти вижае бархурдор шудааст. Ќадру ќимати ин сарзамин хусусан пас аз он ки Мир Саййидалии Њамадонї (1314-1386 м.) ё ба таъбири сокинони мантиќаи Кўлоб «Амирљон» шањри Кўлобро оромгоњи худ ихтиёр мекунад, дучандон мешавад. Эњтирому эътибори ин алломаи бузург назди мардуми мусулмони Шарќ бисёр баланд аст ва зиёрати мазори Амири Кабир барои ин мардумон вољиб шудааст. Аз таълифоти ин донишманди оламшумул, ки болиѓ бар навад унвон аст, нусхањои асл ё тарљумаи осоре монанди «Макориму-л-ахлоќ», «Захирату-л-мулук», «Вуљудия», «Кашфу-л-халоиќ», «Авроди фатњия» ва...ро метавон ном бурд. Таълифоти ин њазрат ба забони содаву равон ва мўљазу шево ва љаззобу гуворо навишта шудаанд ва њамин мавзўъ сабаб шудааст, ки дар андак муддат андешањои динї ва сўфиёна ва ахлоќии эшон мавриди истифодаи мардум ќарор гирад.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
113
118
https://www.rudakijournal.ir/article_20218_3ca7b563626057995cab578983432c8a.pdf
Осори меъмории Кӯлоб ва атрофи он
Солења Муњаммадљонова, Рустам Муќимов
Љамшед Ѓаниев
استادیار
author
text
article
2006
per
Шањри Кўлоб дар фосилаи дивисткилометрї аз ќисмати љанубу шарќи пойтахти Тољикистон дар соњили дарёи Ёхсу, дар доманаи риштакўњи Њазрати Шоњ љойгир аст. Аз њамин минтаќа тайи садњо сол роњи корвон аз Њинд ва Афѓонистони имрўза мегузашт; Дар натиља дар садањои миёна Кўлоб бо таъриху фарњанги ѓании худ ба яке аз шањрњои бузурги минтаќаи Хатлон табдил шуд. Дар њудуди Кўлоб ва атрофи он осори меъмории даврањои гуногун боќї мондаанд, ки аз намунањои он метавон ба ќасри њокимон дар Њулбук, шањраки дорои муљассама аз садањои дањум то ёздањуми мелодї дар рустои Сайёд, маќбараи Мир Саййидалии Њамадонї дар шањр Кўлоб мансуб ба садањои чањордањум то шонздањуми мелодї, силсиламеъморињои садаи ёздањум то шонздањуми мелодии Шоњи Хомўш дар рустои Лангар, силсиламазорњо, масљидњо ва мадрасаи садаи нуздањум ва оѓози садаи бистуми мелодї ишора дошт. Шоёни зикр аст, ки оромгоњи Мир Саййидалии Њамадонї дар Кўлоб намунаи нодири меъморї аст, ки њам хусусиятњои суннатї ва ќадими меъморї ва тарроњї ва њам бозмондањои усули меъмории марокизи пешрафтаи фарњанги Осиёи Миёнаро дар бар дорад. Осори меъморї ва таърихии Кўлоб ва атрофи он бисёр љолиби таваљљуњанд ва дар замонњои ќадим ва садањои миёна маркази ташаккули суннатњои меъморї ва наќќошї ба шумор мерафтаанд, ки аз он мактабњои дигари меъморї ва наќќошии тамоми минтаќаи Осиёи Марказї истифода кардаанд. Њамчунин Кўлоб аз ќадимулайём маркази њунарњои мардумї, аз љумла кандакорї дар чўб ва гаљ, њунари заргарї ва дигар њунарњои тазйинї будааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
119
124
https://www.rudakijournal.ir/article_20220_ee69a24177d182eeba1a95aa2f8b9292.pdf
Хатлон аз нигоњи Њољї Њусайни
Кангуртӣ
Ҳасани
Муродиён
استادیار
author
text
article
2006
per
Хатлон яке аз манотиќи муњимми Тољикистон аст, ки дар тўли таърих хостгоњи шахсиятњои илмї, фарњангї ва адабии барљастае будааст. Њољї Њусайни Хатлонї дар яке аз таълифоти манзуми худ ба номи «Комде ва Мудан» тасвире бисёр љолиб ва хонданї аз ин минтаќа ироа медињад. Вай дар ин асар ибтидо хонандаро аз мављудияти сарзамине ба номи Хатлон огоњ мекунад ва баќои худро вобаста ба зистан дар ватан, яъне Хатлон медонад. Њољї Њусайн рољеъ ба пайдоиши Хатлон низ зикр мекунад, ки Худо бињиште дар олам офарид ва онро Хатлон ном нињод. Њамчунин вай ба љойгоњи ањли фазлу дониш ва бузургони илму адаб ва њунари хатлониён низ ишороте кардааст. Њољї Њусайн бар ин аќида буд, ки Худованд њазрати Одамро аз гили ин диёр сохтааст. Вай Хатлонро аз Хутан, Хито, Бадахшон, Фарангистон, Њинд, Кашмир ва Исфањон болотар мегузорад ва обњои мусаффову чашмасорони онро бо шўру шавќ васф мекунад. Ў дар муќаддамаи достони «Комде ва Мудан», ки дар пайравии достони њамноми Мирзо Абдулќодири Бедил эљод шудааст, аз тасвири манзарањои нотакрори Њиндустон сарфи назар карда, зодбумаш-Хатлонзаминро дар муќобили ин кишвари афсонаї гузоштаву ба васфи он њамчун фарди мењанпараст забон ба гуфтор гушудааст.
Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia
رایزنی فرهنگی سفارت جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان
7
v.
11
no.
2006
125
133
https://www.rudakijournal.ir/article_20221_17fe3feb2a0f9879b4148807b243a043.pdf